Октябр 05, 2020 18:42 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Ӯзбекистон харитаи роҳро барои тавсеаи муносибатҳои дуҷониба таҳия мекунанд

Дар як гуфтугӯи телефонӣ руасои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои мубориза бо Ковид-19 -ро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Раиси Ҷумҳурии Ӯзбеакистон «Шавкаи Мирзиёев» ва  Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Эмомалӣ Раҳмон » дар ин гуфтугӯи телефонӣ аз натоиҷи нишастҳои дуҷонибаи баргузоршуда дар моҳи сентябр  монанди нишасти камиссияи муштараки байнидавлатӣ, ҳамоиши бозаргонӣ, дидори намояндагони порлумонҳо ва ифтитоҳи тавлидоти муштарак  иброи хурсандӣ карданд .
Руасои  Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба мақомоти ду кишвар дастур доданд барои ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва танзими дастури кори нишасте, ки ба зудиӣ байни мақомоти аршади ду кишвар  баргузор хоҳад шуд нақшаи роҳ тадвин кунанд .
Шавкат  Мирзиёев дар ин гуфтугӯи телефонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон шасту ҳаштумин солгарди таваллудашро табрик гуфт ва баргузории муваффақиятомези интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 11 октябрро орзӯ кард .
Эмомалӣ Раҳмон низ бобати кӯмаки амалии Ӯзбекистон дар мубориза бо бемории хатарноки « Ковид -19 » қадрдонӣ кард .
Равобити Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  баъд аз марги раиси ҷумҳурии фақиди ин кишвар Ислом  Каримов  фасли тозаеро оғоз карда ва гармтар шудааст .

Барчасп