Октябр 05, 2020 19:57 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши ҷаҳонии ҷойгоҳи Тоҷикистон дар озодиҳои иқтисодӣ

Як пажӯҳиши ахири Бунёди Ҳиритаҷ (Heritage Foundation) нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз рӯи савдои озод дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳафт зина поин рафта, дар ҷаҳон дар ҷои 122 қарор дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик , Тоҷикистон дар радабандии соли қабл дар ҷойгоҳи 115 ҷаҳонӣ воқеъ шуда буд.
Аз дидгоҳи коршиносони ин пажӯҳишгоҳ бо вуҷуди рушди нисбии иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои ахир, ин кишвар  ҳамчунони вобастагии шадиде ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз хориҷ дорад ва дар ин кишвар  шароит барои фаъолияти бахши  ва сармоягузорони хориҷӣ низ матлуб нест .
Дар ин радабандӣ, ки 180 кишвари ҷаҳонро лиҳоз мекунад, дар миёни кишварҳои Осиёи марказӣ Қазоқистон дар рутбаи 39, Қирғизистон  81, Ӯзбаекистони 114 Туркманистон дар рутбаи 170 ҷой гирифтаанд .
Шохисҳои ташхиси ин ҷойгоҳ , озодии фаъолиятҳои иқтисодии ва туҷҷорӣ, мизони молиёти дарёфтӣ, ҳимоят аз сармоягузорон ва поин будани мавориди фасоди молӣ ва ришвахорӣ аст .

Барчасп