Октябр 06, 2020 16:06 Asia/Dushanbe
  • Сандуқи Байналмилалии Пул Тоҷикистонро дар феҳристи 28 кишвари фақир қарор дод

Сандуқи Байналмилалии Пул бо пардохти кумаки фаврӣ ба 28 кишвари фақири ҷаҳон, ки Тоҷикистон низ ҷузви онҳост, мувофиқат кард.

Ин кумак бо ҳадафи додани сабукӣ дар бозпардохти қарзи ин кишварҳо ба Сандуқи Байналмилалии Пул дар шаш моҳи оянда ва эҷоди имкони истифода аз манобеи заифи ин кишварҳо барои анҷоми иқдомоти фаврии пизишкӣ ва кумак ба муқобила бо шуюи вируси корона эъто хоҳад шуд.

Тоҷикистон, Афғонистон, Бенин, Буркина Фасо, Бурунд, ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Чад, Комор, ҷумҳурии демократии Конго, Ҷибути, Эфиопия, Гамбия, Гвинея, Гвинея Бисау, Ҳаити, Либерия, Мадагаскар, Малави, Мали, Мозамбик, Непал, Нигерия, Руанда, Сао Томе ва Принсип, Сиерра Леоне, Танзания, Того ва Яман кишварҳое ҳастанд, ки аз ин кумакҳо бархурдор хоҳанд шуд.

Ин кумакҳо мумкин аст то 959 миллион доллар ва ба муддати ду сол то нимаи апрели соли 2022 идома дошта бошанд.

 

 

 

 

Барчасп