Октябр 10, 2020 21:21 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 45 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон

Шумори беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 45 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи шанбе 10 октябр ба 10 ҳазору 180 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори афроди фавтшуда бар асари ин беморӣ бидуни афзоиш  ҳамон 79 нафари пешин аст .
Ҳамчунин аз 10 ҳазору 180 бемори Ковид -19 дар Тоҷикистон то кунун 9 ҳазору шаш нафар беҳбуд ёфтаанд .
Дар шабонарӯзи ахир 51 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон  бистарӣ ва 47 бемор  ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Ҳудуди ҳазор нафар низ дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон  дармон мешаванд .

Барчасп