Октябр 11, 2020 12:55 Asia/Dushanbe

Устод Давлатманд Холов, мусиқидон ва овозхони маъруфи тоҷикистонӣ ва аз дӯстони зиндаёд устод Муҳаммадризо Шаҷариён дар паёме видеоӣ даргузашти вайро таслият гуфт.

Устод Давлатманд Холов дар ин паёми видеоӣ аз тарафи худ ва ба ниёбат аз ҷомеаи ҳунарии Тоҷикистон, бо даргузашти фуқдони ин устоди номдори овози эронӣ, ба собиқаи дӯстиву рафоқати деринаи худ бо Муҳаммадризо Шаҷариён ишора кардаву ӯро нобиғаи нотакрори ҳунари машриқзамин донистааст.

Ин ҳунарманди саршиноси тоҷикистонӣ афзуд, бо даргузашти устод Шаҷариён ғам дар дилҳои ҳамаи дӯстдорони садои ӯ хона кардааст.

Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистони ҳам бо таслияти даргузашти зиндаёд устод Муҳаммадризо Шаҷариён, ин устоди номии овози Эронро устура ва ҳазордастони бетакрору мероси ҷовидони мусиқии суннатии Эрон номид.

Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон дар ин паём даргузашти хусрави овози Эронро ба хонаводаи он марҳум, миллати Эрон, аҳолии фарҳангу дӯстдорони он устод дар кишварҳои форсизабон ва саросари ҷаҳон таслият гуфтаву барои рӯҳи баланди ӯ аз Худованд талаби оромиш кардааст.

Ин паём бо ишора ба сафари устод Шаҷариён ба Тоҷикистон дар соли 1990 ёдовар шудааст: “Ин сафар бо истиқболи гарми тоҷикони рӯ ба рӯ шуд ва боби ошноиву ҳамкорӣ бо устодони мусиқии он диёри бостониро кушуд”.