Се ҷавони рус бонуи ҳиҷобдори тоҷикро наҷот доданд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i58255-Се_ҷавони_рус_бонуи_ҳиҷобдори_тоҷикро_наҷот_доданд
Се ҷавони руси як бонуи ҳиҷобдори тоҷикро аз ҳамлаи фарди ифротӣ дар шаҳри Маскав наҷот доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 12, 2020 10:47 Asia/Dushanbe
  • Се ҷавони рус бонуи ҳиҷобдори тоҷикро наҷот доданд

Се ҷавони руси як бонуи ҳиҷобдори тоҷикро аз ҳамлаи фарди ифротӣ дар шаҳри Маскав наҷот доданд.

Иззат Амон, мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дар сафҳаи худ дар Фейсбук, як бонуи ҳиҷобдори тоҷик, ки аз маҳалли кори хеш ба хона барме‌гашт, як фарди ношинос бо корд қасди ҳамла ба вайро дошт, се ҷавони ркс бо боздошти ин муҳоҷим вайро ба полис таҳвил доданд.

Аммо то омадани кормандони пулис ин се фард аз парвоз ба шаҳри Барнаул дар минтақа Сибир бозмонданад ва билетҳои онҳо низ сӯхт.

Аз ин рӯ, ба дархости Иззат Амон тоҷикҳои муқими Русия иқдом ба кумаки молӣ ба ин се нафар карданд то заминаи таҳияи билети ҷадид ва парвози онон муҳайё шавад.

Евгений Фомичев, яке аз ин се нафар эълом карда аст, ки тайи чанд соат ба карти бонкиаш маблағи 56 ҳазор рубл вориз шуда ва барои хариди билет ва парвоз ба шаҳри Барнайл кифоят мекунад.

Вай аз ҳамаи афроде, ки барои фароҳам сохтани заминаи парвози онон кумак кардаанд, тақдиру ташаккур кард.