Афзоиши тавлиди маҳсулоти саноати куҳӣ дар Тоҷикистон
Вазорати саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон аз афзоиши тавлиди маҳсулоти саноати куҳӣ дар ин кишвар то поёни сентябри имсол хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи вазорати саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон , дар ин муддат корхонаҳои ин бахш 5 миллиарду 400 миллион сомонӣ ( баробар бо 526 миллиону 800 ҳазор доллар ) маҳсулот тавлид кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пеш 12.5 дарсад бештар мебошад.
Дар ин муддат тавлиди тилло 10.2 дарсад, нуқра 2.4 дарсад , мис 19 дарсад ва сурма 73 дарсад афзоиш ёфта аст.
Аз ин рӯ саҳми бахши тавлидоти маҳсулоти саноати куҳӣ дар саноъати Тоҷикистон ба 25.7 дарсад расида аст .
Гуфтанӣ аст дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба хориҷ аз Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 456.5 миллион сомонӣ ( муодили 140 миллиону 800 ҳазор доллар ) маҳсулоти саноати куҳӣ содир шуда аст.
Коҳиши мизони истихроҷи маҳсулоти маъданӣ дар Тоҷикистон
Саҳми 40 дарсадии маҳсулоти маъданӣ дар сабади содиротии тоҷикҳо