Октябр 17, 2020 21:24 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 41 бемори дигари Ковид -19 дар Тоҷикистон
    Шиносоии 41 бемори дигари Ковид -19 дар Тоҷикистон

Шумори беморони Ковид-19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 41 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи шанбе 17 октябр ба 10 ҳазору 445 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ низ бидуни афзоиш ҳамон 80 нафари пешин аст.

ҳамчунин аз 10 ҳазору 445 бемори Ковид -19 дар Тоҷикистон то кунун 9 ҳазору 457 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 38 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба корона дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 64 бемор ҳам аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ҳудуди ҳазор нафар низ дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.

 

бештар бихонед:

Радди иддаои СММ дар мавриди корона аз сӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон

Иқдомоти фарҳангии муқобила бо корона дар Тоҷикистон

Барчасп