Чиниҳо иҷозат надоданд парвози Тоҷикистон - Чин барқарор шавад
(last modified Mon, 19 Oct 2020 15:05:04 GMT )
Октябр 19, 2020 20:05 Asia/Dushanbe
  • Қарор буд парвозҳои ҳафтагии Тоҷикистон бо Чин аз октябр барқарор шавад
    Қарор буд парвозҳои ҳафтагии Тоҷикистон бо Чин аз октябр барқарор шавад

Бо вуҷуди эъломи азсаргирии парвозҳо миёни Душанбе бо шаҳри Урумчии Чин ширкати Сомон Эйр эълом кард, ки ҳанӯз мақомоти чинӣ ба ин ширкат муҷаввизи парвоз надодааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, пеш аз ин Икроми Субҳонзода  раиси созмони ҳавопаймоии кишвари Тоҷикистон гуфта буд, ки дар моҳи октябр  парвозҳои ҳафтагӣ миёни ӣин кишвар бо Чин азсар гирифта мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки чиниҳо ҳанӯз муҷаввизе барои барқарории дубораи парвозҳо бо Тоҷикистон содир накарда ва дафтарҳои фурӯши билети ҳавопаймо дар Душанбе низ ба далели номаълум будани замони парвозҳо ба Чин ҳанӯз дастуре барои фурӯши билет дарёфт накардаанд .
Бар асоси тавофуқи мақомоти Тоҷикистон ва Чин  қарор буд бо таваҷҷӯҳ ба густариши вируси коронаи ин парвозҳо бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ ва доштани гувоҳиномаи саломатии мусофирон анҷом шавад ва ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр низ қасд дошт аз нимаи дувуми моҳи октябр парвоз ба чинро оғоз кунанд.

бештар бихонед: