Октябр 13, 2016 11:44 Asia/Dushanbe
  • Муддати маҳкумияти аъзои Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон коҳиш нахоҳад ёфт

Мақомоти додгоҳӣ дар вилояти Суғд эълом кардаанд, ки ҳукми маҳкумияти 5 имом хатиби масоҷиди ноҳияи Конибодом, ки ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ихвонулмуслимин зиндонӣ шудаанд, коҳиш намеёбад ва ин афрод шомили қонуни афв низ намешаванд.

Ба гузориши сойти Toptj, Шӯҳрат Аҳрорзода-раиси додгоҳи ноҳияи Конибодом таъкид кардааст, ки дар ҳукми маҳкумияти ин 5 нафар,ки  ҳар як ба 6 сол зиндон маҳкум шудаанд, таҷдиди назар ё тахфиф намешавад ва ин афрод мавриди афв қарор намегиранд.

Вай гуфтааст, ки ин 5 нафар тайи солҳои 2000 то 2010 дар донишгоҳи Алазҳари Миср омӯзиш дида ва ба гурӯҳи дар Тоҷикстон мамнуъи Ихвонулмуслимин пайвастаанд. Вай муддаӣ шудааст, ки ин 5 имом хатиби масоҷиди ноҳияи Конибодом ба иттиҳоим барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон ва мушорикат дар фаъолияти гурӯҳи ифротии Ихвонулмуслимин ба зиндон маҳкум шудаанд ва мавриди афв қарор нахоҳанд гирифт. Ин 5 нафар дар баҳори соли ҷорӣ боздошт ва чанде қабл ҳар як ба 6 сол зиндон маҳкум шудаанд. Хонум Файзиннисо Воҳидова- вакили мудофеи яке аз ин маҳкумшудагон мегӯяд, ки онон дар додгоҳ узвияти хеш дар созмони Ихвонулмуслиминро тайид кардаанд, вале иттиҳоми талош барои барандозии низоми сиёсиро тӯҳмат медонанд.

Фаъолияти Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми Додгоҳи олии ин кишвар аз соли 2005 ба унвони созмони ифротӣ, мамнуъ мебошад.