Кумакхоҳии Тоҷикистон аз Афғонистон барои ёфтани ҷасадҳои марзбонони фидокор
(last modified Wed, 21 Oct 2020 10:36:49 GMT )
Октябр 21, 2020 15:36 Asia/Dushanbe
  • Талош барои ёфтани ҷасадҳои марзбонони фидокори тоҷик идома дорад
    Талош барои ёфтани ҷасадҳои марзбонони фидокори тоҷик идома дорад

Сухангӯи Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт : Ҷасадҳои ду сарбози фидокори нерӯи марзбонии ин кишвар. ки барои наҷоти як донишомӯз дар рудхонаи Панҷ ғарқ шуданд, ҳануз пайдо нашуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, Умеда Юсуфӣ гуфта аст, ки бо гузашти 10 рӯз аз дархости Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз марзбонони Афғонистон ҳануз ҳам ҷасадҳои Сироҷиддин Ятимов ва Қобилҷон Воҳидов-сарбозони қисми низомии нерӯи марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рушони вилояти Бадахшон пайдо нашуда ва ҷустуҷӯи нерӯҳои имдодӣ дар рудхонаи Панҷ бидуни натиҷа буда аст.

 Аввалҳои октябр ду сарбози марзбонии Тоҷикистон барои наҷоти як донишомӯзи синфи 10, ки ба қасди худкушӣ худро ба руди Панҷ андохта буданд, дар ин руд ғарқ шуданд.

 

 бештар бихонед :

 

Сухангӯи Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегуяд: «Ба далели шеби зиёди рудхонаи куҳистонии Панҷ ва вуҷуди харсангҳои бузург имкони ба коргирии ғаввосон барои ёфтани аҷсоди ин ду сарбоз вуҷуд надорад.»

 

Ҳамчунин тарафи Афғонистон ҳануз аз натиҷаи ҷустуҷӯҳои хеш ҳеч хабарӣ надода аст.

 Бо ин ҳол сокинони рустоҳои марзии Афғонистон талоши зиёде барои пайдо кардани ҷасади ин ду сарбози тоҷик ба харҷ додаанд.