Ибтилои 39 тоҷикистонии дигар ба корона
Октябр 21, 2020 20:28 Asia/Dushanbe
39 бемори ҷадиди Ковид -19 то соати 19 рӯзи чаҳоршанбе 21 октябр дар Тоҷикистон шиносоӣ шуданд.
Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, шумораи беморони Ковид -19 дар кишвар бо шиносоии 39 ҳолати нав ба 10 ҳазору 613 нафар расид.
Шумораи ҷонбохтагони Ковид - 19 дар Тоҷикистон низ бидуни афзоиш ҳамон 80 нафари пешин аст.
Инчунин, аз 10 ҳазору 613 бемори Ковид -19 дар Тоҷикистон то имрӯз 668 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар давоми 24 соати охир 51 бемор аз беморристонҳо мураххас шуданд.