41 тоҷикистонии дигар гирифтори корона шуданд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i58567-41_тоҷикистонии_дигар_гирифтори_корона_шуданд
41 мавриди ҷадид ба феҳристи беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон афзуда шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 24, 2020 19:57 Asia/Dushanbe
  • 41 бемори коронаии дигар дар Тоҷикистон шиносоӣ шуданд
    41 бемори коронаии дигар дар Тоҷикистон шиносоӣ шуданд

41 мавриди ҷадид ба феҳристи беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон афзуда шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони Ковид - 19 дар ин кишвар то соати 19 рӯзи шанбеи 24 октябр бо шиносоии 41 мавриди ҷадид ба 10 ҳазору 736 нафар расид.

Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиш ҳамон 81 нафари пешин аст.

Аз 10 ҳазору 736 бемори Ковид - 19 дар Тоҷикистон токунун 9 ҳазору 836 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахири 54 бемори коронаӣ ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .