Зарурати рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон дар шароити коронаӣ
(last modified Sat, 24 Oct 2020 18:55:39 GMT )
Октябр 24, 2020 23:55 Asia/Dushanbe
  • Коршиносони иқтисодӣ мегӯянд, ки дар давраи корона Тоҷикистон бояд ба соҳаи кишоварзӣ диққати махсус диҳад
    Коршиносони иқтисодӣ мегӯянд, ки дар давраи корона Тоҷикистон бояд ба соҳаи кишоварзӣ диққати махсус диҳад

Коршиносони иқтисодӣ мӯътақиданд, ки Тоҷикистон барои таъмини амнияти ғизоии мардуми хеш дар шароити коронаӣ бояд ба рушди бахши кишоварзӣ таваҷҷӯҳи вижа кунанд.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, Ян Питер Алтерс (Jan-Peter Olters) намояндаи бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ахиран дар нишасти Шӯрои мушовираии беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар ин кишвар таъкид кард: "Барои таъмини амнияти ғизоии мардум бояд ислоҳот дар низоми молиёт, кӯмак ба бахши хусусӣ ва бардоштани мавозеи мухталифи фаолияти кишоварзон дар дастури кори ҳукумати Тоҷикистон қарор гирад." 

Ба асоси ин гузориш, ҳарчанд, ки ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд мизони таваррумро то поёни соли 2020 дар ҳадди ҳафт дар сад ҳифз хоҳад кард Бонки Ҷаҳонӣ муддаӣ аст, ки ин шохис ба даҳ дар сад хоҳад расид.

Намояндаи порлумон ва раиси ҳизби кишоварзии Тоҷикистон Рустам Латифзода вуҷуди молиёти вазнинро монеи рушди фаолиятҳои кишоварзон медонад ва мегӯяд: "Мо дар тарҳи қонуни ҷадиди молиёти Тоҷикистон пешниҳоди коҳиши мизони молиёти дарёфтӣ аз бахши кишоварзиро ироа кардем ва намедонем пазируфта хоҳад шуд ё на"

Ҳамчунин  Пайрав Чоршанбеев таҳлилгарӣ иқтисодӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки се баробар бештар будани воридот нисбат ба содирот дар ин кишвар камбудӣ солона 3 миллиард доллар барои таъмини маводи ғизоӣ мушкили ҷиддиӣ барои ин кишвар маҳсуб мешавад.

 

Бештар бихонед: