40 тоҷикистонии дигар гирифтори корона шуданд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i58581-40_тоҷикистонии_дигар_гирифтори_корона_шуданд
40 мавриди ҷадид ба феҳристи беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон афзуда шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 25, 2020 21:19 Asia/Dushanbe
  • 40 тоҷикистонии дигар гирифтори корона шуданд
    40 тоҷикистонии дигар гирифтори корона шуданд

40 мавриди ҷадид ба феҳристи беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон афзуда шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони Ковид -19 дар ин кишвар то соати 19 рӯзи якшанбеи 25 октябр бо шиносоии 40 мавриди ҷадид ба 10 ҳазору 776 нафар расид.
Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиш ҳамон 81 нафари пешин аст.

Аз 10 ҳазору 776 бемори Ковид -19 дар Тоҷикистон токунун 9 ҳазору 878 нафар беҳбуд ёфтаанд.

дар шабонарӯзи ахир 42 бемори коронаӣ ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.


 Бештар бихонед :