Баррасии равобити Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе
Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Қирғизистон дар Душанбе равобити ду кишвар ва дурнамои ҳалли ихтилофоти марзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, дар дидори Музаффар Ҳусейнзода ва Ҷанеш Рустамбеков дар бораи муносиботи дуҷониба, мавзӯи аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ҳамоҳангии Душанбе ва Бишкек бар сари масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ баҳсу табодули назар шуд.
Рустамбеков дар ин дидор гуфт : « Бо вуҷуди ҳаводиси ахири сиёсӣ дар Қирғизистон ва тағйири давлат, Бишкек ба таъаҳҳудоти хеш дар қиболи ҳамсоягон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пойбанд мемонад ва ба густариши равобит бо кишварҳои Осиёи марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон мусаммам мебошад."
Масоили марзӣ; муҳимтарин мавзӯи муносиботи Душанбе-Бишкек
Сафири Қирғизистон дар Душанбе дар дидор бо муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон баргузории ҳарчӣ зудтари камиссияи байнидавлатии масоили марзии ду кишварро хостор шуд .
Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфт, ки Тоҷикистон хостори баргузории ҳарчӣ зудтари нишасти камиссияи байни авлатии масоили марзии ду кишвар ба манзури расидан ба тавофуқи ниҳоӣ бар сари аломтгузории марзи муштарак бо Қирғизистон аст.
Ҳусейнзода ҳамчунин бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, обу энергетика, ҳамлу нақл гардишгарӣ ва фарҳангӣ бо Қирғизистон таъкид кард.
Бештар бихонед :
- Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон ба танишҳои ахир дар марз бо Тоҷикистон вокуниш нишон дод
-
Тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон
-
Сабаби тирпаронии ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон чи буд?