Ноябр 01, 2020 19:51 Asia/Dushanbe
  • 40 мавриди ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон
    40 мавриди ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон

Бо шиносоии 40 мавриди ҷадиди Ковид -29 дар Тоҷикистон тайи шабонарӯзи ахир шумори беморон ба 11 ҳазору 47 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони Ковид -19 дар кишвар то соати 19 рӯзи якшанбе аввали ноябр бо шиносоии ин 40 мавриди ҷадид ба 11 ҳазору 47 нафар расид.

Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиш ҳамон 72 нафари пешин аст.

Аз 11 ҳазору 47 гирифтори корона дар Тоҷикистон токунун 10 ҳазору 287 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 50 бемори короноӣ ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд.

Бештар бихонед:

Барчасп