37 тоҷикистонии дигар ба Ковид -19 гирифтор шуданд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i58867-37_тоҷикистонии_дигар_ба_Ковид_19_гирифтор_шуданд
Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон бо шиносоии 37 бемори нав ба 11 ҳазору 56 нафар расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 06, 2020 22:37 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 37 бемори ҷадиди Ковид -19 дар торихи 6 ноябр дар Тоҷикистон
    Шиносоии 37 бемори ҷадиди Ковид -19 дар торихи 6 ноябр дар Тоҷикистон

Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон бо шиносоии 37 бемори нав ба 11 ҳазору 56 нафар расид.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи ҷумъа 6 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 83 нафари пешин аст.

Аз 11 ҳазору 256 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 10 ҳазору 546 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 52 бемори коронаӣ ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

Бештар бихонед:  

40 тоҷикистонии дигар ба корона гирифтор шуданд