Ноябр 09, 2020 10:36 Asia/Dushanbe
  • 42 мавриди ҷадиди корона дар Тоҷикистон шиносоӣ шуд
    42 мавриди ҷадиди корона дар Тоҷикистон шиносоӣ шуд

Шумори беморони корона дар Тоҷикистон бо шиносоии 42 бемори ҷадид ба 11 ҳазору 336 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид-19 дар Тоҷикистон  то соати 10 субҳи рӯзи душанбе 9 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 83 нафари пешин аст.

Аз 11 ҳазору 336 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон токунун 10 ҳазору 653 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 59 бемори короноӣ ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп