Октябр 13, 2016 19:30 Asia/Dushanbe
  •  30 дарсади соҳибкорони тоҷик бо мушкилоти пардохти андоз рӯ ба рӯ шудаанд

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, тайи як соли ахир наздики 30 дарсади ширкатҳои тиҷорӣ ва соҳибкорон бо мушкилоти пардохти андоз рӯ ба рӯ шудаанд.

Нусратулло Давлатзода, ахиран, зимни суҳбат дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки  қарзи ширкатҳо ва тоҷирон аз андоз дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 125 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 825 миллион сомонӣ баробар шудааст. Давлатзода бо ибрози таассуф таъкид кард, ки дар бахши ҷамъоварии бақияи андозҳо натиҷаи дилхоҳ ба даст наомадааст ва вазъи корхонаву тоҷирон  низ  бо иллатҳои беруна  чандон хуб нест.

Дар ҳамин ҳол, бояд гуфт, Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое шомил шудааст, ки сатҳи андозбандӣ ё худ молиёт дар он кишварҳо хеле болост. Бар асоси арзёбии созмони “Total tax rate”, мизони андозҳо дар Тоҷикистон 81,8 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нишондод натанҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар миёни давлатҳои пасошӯравӣ баландтарин маҳсуб мешавад. Ин созмони байналмилалӣ мегӯяд, ки теъдоди андоз ва ҳаҷми онҳо дар Тоҷикистон зиёд буда, барои мисол, молиёти иҷтимоӣ 25 дарсад, молиёт бар  арзиши афзуда 18 дарсад ва молиёт аз даромад 13 дарсадро ташкил медиҳад.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар оғози соли ҷорӣ гуфта буд, ки дар соли 2015 дар ин кишвар  22 ҳазор соҳибкор муфлис шуда, фаъолияти худро қатъ кардаанд.