Ноябр 17, 2020 21:52 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Тоҷикистон то рӯзи 17 ноябри 2020 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Тоҷикистон то рӯзи 17 ноябри 2020 эълом шуд

Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон бо шиносоии 40 бемори нав ба 11 ҳазору 689 нафар расид.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи сешанбеи 17 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 85 нафари пешин аст.

Аз 11 ҳазору 689 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 11 ҳазору 61 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 42 бемор ҳам аз Ковид -19 беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп