Пешбинии барфу яхбандон дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 19 Nov 2020 10:12:21 GMT )
Ноябр 19, 2020 15:12 Asia/Dushanbe
  • Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 19 ноябр бориши барф пешбинӣ кард
    Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 19 ноябр бориши барф пешбинӣ кард

Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бориши барф дар рӯзи панҷшанбе хабар дод.

Ба гузориши Авесто, Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзи 19 ноябр дар бештари манотиқи ин кишвар бориши барф пешбинӣ кардааст.

Бинобар эъломи ин созмон бориши барф дар бархе аз навоҳии тобеи марказу вилояти Хатлон шадид хоҳад буд.

Дар шаби ҷумъа (20 ноябр) дамои ҳаво дар дарраҳои вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ 5 то10 дараҷа зери сифр, дар вилояти Суғд 8 то 13 дараҷа зери сифр ва дар манотиқи кӯҳистонӣ 12 то 17 дараҷа зери сифр хоҳад буд.

Дар рӯзҳои 19 ва 21 ноябр низ баъзан меғ гирифтагӣ ва дар 19 ноябр дар бархе манотиқ афзоиши шиддати боди шимоли ғарбӣ то 13-18 метр бар сония пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин эҳтимоли яхзадагии ҷодаҳо дар манотиқи кӯҳистонӣ вуҷӯд дорад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: