Талоши Тоҷикистон барои ҷазби воми 340 миллион евро ба манзури идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун
(last modified 2020-11-22T15:13:15+00:00 )
Ноябр 22, 2020 20:13 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои ҷазби воми 340 миллион евро ба манзури идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун
    Талоши Тоҷикистон барои ҷазби воми 340 миллион евро ба манзури идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун

Вазири молияи Тоҷикистон аз барномаи ҳукумати ин кишвар барои ҷазби воми 340 миллион евро ба манзури идомаи нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар соли 2021 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Файзиддин Қаҳҳорзода гуфтааст, ки ҳаракати Тоҷикистон 8 тарҳи созишномаи дарёфти вом аз хориҷро дар дасти баррасӣ дорад, ки муҳимтарини он ҷазби воми 340 миллион евро барои такмили сохти нерӯгоҳи Роғун мебошад.

Вай таъкид кардааст, ки дар ин замина бо ду бонки аврупоӣ  - Credit Suisse و Landesbank Baden  Wiirttember музокира шудааст, ки созишномаи ниҳоӣ дар ҳоли такмилшудан аст.

Аз сӯи дигар дар буҷети ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2021, ки ба тозагӣ ба имзои раиси ҷумҳурии ин кишвар расид, барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун маблағи 2,1 миллиард сомонии дигар ҳам монанди соли 2020 ҳазина хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп