Боздошти ду ронандаи қонуншикан ва ташаккури полиси Душанбе аз шаҳрвандони бовиҷдон
Полиси Душанбе бо истифода аз навори видиоӣ, ки як шаҳрванд фиристода буд, ду ронандаро, ки дар хиёбони мусобиқи автомобилронӣ роҳ андохта буданд боздошт кард ва аз шаҳрванди вазифашинос низ қадрдонӣ намуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сервиси матбуотии идораи полиси шаҳри Душанбе, субҳи 22 ноябр полиси пойтахти Тоҷикистон видеоеро дарёфт кард, ки дар он ронандагони мошинҳои гаронқимат мусобиқаи автомобилронии ғайриқонунӣ баргузор карда буданд.
Полиси Душанбе дар иттилоияе зимни эъломи боздошти ду ронандаи тахаллуфкор овардааст: "Дар ин видео, ки дар шаби 22 ноябр филмбардорӣ шудааст, мушаххас аст, ки ронандагони ду автомобили гаронқимати хориҷӣ дар хиёбони Турсунзода мусобиқаи ғайриқонунӣ роҳ андохтанд, ки таҳдиде барои сойири корбарони ҷода мебошад."
Дар ин паём ҳамчунин омадааст: « Полиси пойтахт аз тасвирбардори видео ташаккур мекунад, ки бе тафовут намонд ва бо телефони худ филм гирифт ва барои баррасӣ ба полис ирсол кард. Иродаи полиси шаҳри Душанбе эҳтироман аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳишманд аст, то чунин тахаллуфотро сабт карда ва барои расидагӣ ва аъмоли қонунӣ ирсол кунанд.»
Хотирнишон мешавад, ки ду ронандаи 28 ва 29 солаи боздоштшуда ҳамсинф буданду пас аз меҳмонии дӯстона барои шартбандӣ тасмим гирифта буданд мусобиқаеро дар хиёбонҳои Душанбе баргузори кунанд.
Алайҳи ин ду ронанда парвандаи идорӣ бар асоси банди 1 модаи 326 қонуни ҷароими идории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.
Тибқи муқаррароти ин моддаи Қонуни маъмурӣ, барои ҳар як қонуншиканӣ ҷарима ба маблағи аз 250 то 300 воҳиди ҳисобӣ (14.500 то 17.400 сомонӣ) бо роҳи 2 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кардани ӯ муайян карда мешавад.