Оғози размоиши зиддитеррористии Тоҷикистон ва Русия
Размоиши муштарак байни Тоҷикистон ва Русия бо ҳадафи тамрини иқдомоти ҳамоҳанг барои мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ оғоз шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Фаридун Муҳаммадализода, масъули маркази матбуотии Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт: Дар ин размоиш ҳудуди 600 сарбози Нерӯҳои мусаллаҳ ва таҷҳизоти низомии ин кишвар ба ҳамроҳи ҳавопаймоҳову мошинҳои низомӣ ширкат кардаанд.
Юрий Петров, муовини фармондеҳи артиши Русия ҳам гуфтааст, дар размоиши муштараки Тоҷикистон ва Русия, низомиён аз таҷрибаи ба дастомада дар амалиёти зиддитеррористӣ дар Сурия истифода хоҳанд кард.
Ин размоиш дар се марҳала бо ҳузури беш аз 3 ҳазор низомии рус ва беш аз 550 болгарди ҷангандаву борӣ, анвои танку мошиги ҷангии пиёданизому сомонаи партоби чандгонаи ракетаи тӯпхонаӣ баргузор мешавад.
Тоҷикистон танҳо кишвари Осиё Марказӣ аст, ки Русия дар он пойгоҳи низомӣ дорад.
Пойгоҳи 201 ба унвони бузургтарин маркази низомии Русия дар хориҷ бо беш аз ҳафт ҳазор низомӣ дар Тоҷикистон мустақар шудааст.
Тибқи тавофуқномаи Маскав ва Душанбе ин пойгоҳ то соли 2042 дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.
Бештар бихонед: