Кӯлобиҳо шабҳо ҳам барқ надоранд
(last modified Tue, 24 Nov 2020 05:49:36 GMT )
Ноябр 24, 2020 10:49 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Кӯлоб танҳо аз 5 то 8 саҳар ва шабона аз 17 то 22 барқ ​​доранд
    Мардуми Кӯлоб танҳо аз 5 то 8 саҳар ва шабона аз 17 то 22 барқ ​​доранд

Лимити барқ ба хонаҳои сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ки то ду рӯз қабл танҳо рӯзона эъмол мешуд, акнун шабҳоро низ фаро гирифтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, сокинони ин минтақа гуфтаанд, ки қаблан аз соати 8 субҳ то 17 барқи хонаҳои онон қатъ мешуд, аммо ду рӯз аст аз соати 22 шаб то 5 субҳи рӯзи баъд ин маҳдудият такрор мешавад.
 
Аз ин рӯ мардуми Кӯлоб танҳо аз соати 5 то 8 субҳи ва 17 то 22 шаб барқ доранду дар бақияи соатҳои шабонарӯз аз дастрасӣ ба ин имкон маҳрум мешаванд.
 
Масъулини шабакаи барқии Кӯлоб сабаби сабти меъёри барқ ​​дар ин минтақаро коҳиш ёфтани об дар сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Норак арзёбӣ карданд.
 
Ин дарҳоле аст, ки ахиран мақомоти ширкати давлатии барқи тоҷик бо пахши гузорише аз бахши ахбори шабакаи аввали телевизиюни Тоҷикистон далели меъёри барқ дар бештари манотиқи ин кишварро идомаи бозсозии  турбинҳои нерӯгоҳи Норак  ва кам шуданизахоири об дар сарбанди ин нерӯгоҳ эълом карданд. 
 
Онҳо дар моҳи октябри гузашта дар пайи шикоятҳои мардумӣ гуфта буанд, ки агар иртифои оби пушти сарбанди 300 метрии нерӯгоҳи барқи обии Норак 15 метри дигар афзоиш ёбад эҳтимол дорад лимити барқ дар ин кишвар лағв шавад. 

 

Бештар бихонед: