Тағйироти кадрии нав дар Тоҷикистон
-
Бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон чанд мақоми дигар дар Тоҷикистон барканор ва таъйин шуданд
Тағироти кадрӣ дар Тоҷикистон бар асоси фармонҳои нави раисиҷумҳурӣ ҳамчунон идома дорад.
Теъдоде аз мақомоти ҳукуматии вилоятҳо, шаҳрҳову ноҳияҳо ва раисони донишгоҳҳо барканор ва афроди дигаре ҷонишини онон шудаанд.
Ба гузориши дафтари матбуоти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 ноябр бо имзои фармонҳое муовини раиси вилояти Хатлон, шаҳрдори Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳри Нав, Файзобод, Исфара, Муъминобод ва раисони чаҳор донишгоҳи давлатиро барканор ва афроди дигареро дар ин симатҳо таъйини кард.
- Бар ин асос Раҷабалӣ Раҷабов аз мақоми муовини раиси вилояти Хатлон барканор ва Акрам Сулаймонзода ба ҷойи вай дар ин мақом таъйин гардид.
Ҳамчунин Кишвар Шамиров аз мақоми шаҳрдори Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон барканор ва Алишери Мирзонабот, ҷонишини вай дар ин симат гардидааст.
|
Бештар бихонед:
- Идомаи тағйири мақомоту мудирони давлатӣ дар Тоҷикистон
- Ҳакимов: Тағйироти кадрӣ таҳаввуле дар Тоҷикистон эҷод намекунад
- Қатъи ваколати ду намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон