Ноябр 25, 2020 14:44 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар соли 2021 низ ба талош барои дарёфти  қарзҳои хориҷӣ идома медиҳад
    Тоҷикистон дар соли 2021 низ ба талош барои дарёфти қарзҳои хориҷӣ идома медиҳад

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷазби 562 миллион доллар қарзи хориҷӣ дар соли 2021 барномарезӣ кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, манобеи ҳукуматӣ гуфтаанд, ки бахши зиёде аз ин қарз барои идомаи сохти Нерӯгоҳи Роғун дар соли 2021 ҳазина хоҳад шуд.

талоши Тоҷикистон барои ҷазби воми 340 миллион евро ба манзури идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун

Ин дар ҳоле аст, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон бо афзоиши 275 миллион доллар дар даҳ моҳи гузашта ба 3 миллиарду 180 миллион доллар расидааст, ки баробар бо 43, 3 дарсад аз маҷмӯи тавлиди нохолиси миллии кишвар аст.

Як миллиарду 200 миллион доллар аз ин маблағ, талаби банки воридоту содироти Чин аз Тоҷикистони аст.
 
Ҳамчунин Тоҷикистон ба Банки ҷаҳонӣ 329 миллион доллар , банки Рушди Осиё 270 миллион доллар, банки Рушди исломӣ 136 миллиону 700 ҳазор доллар  сандуқи зидди буҳрони Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё 69 миллион доллар ва ба сандуқҳои хайрияи бархе аз кишварҳои арабӣ ва ниҳодҳои молии аврупоӣ беш аз 100 миллион доллар қарздор мебошад.

 

 Бештар бихонед:

Барчасп