Декабр 02, 2020 22:11 Asia/Dushanbe
  • Қимати 10 адад тухми мурғ дар Тоҷикистон ба 10 сомониву 30 дирам расидааст
    Қимати 10 адад тухми мурғ дар Тоҷикистон ба 10 сомониву 30 дирам расидааст

Гаронии қимати тухми мурғ дар Тоҷикистон баҳси доғеро дар нишасти Маҷлиси намояндагон эҷод кард.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, ҳамгом бо баррасии тарҳи ислоҳи қонуни ҳимоят аз ҳуқуқи масрафкунандагон дар порлумони Тоҷикистон, теъдоде аз намояндагон ба суханони Абдумаҷид Муъминзода, раиси Хадамоти давлатии зиддиинҳисории ин кишвар дар бораи иллати афзоиши қимати тухми мурғ эътироз карданд.

Абдумаҷид Муъминзода далели афзоиши қимати тухми мурғро гарон шудани нархи ниҳодаҳои домии воридотӣ унвон кардааст.

Аммо Саидҷаъфар Усмонзода, намояндаи маҷлиси қонунгузормм Тоҷикистон дар эътироз ба мн суханон гуфтааст, ки дар дохили Тоҷикистон ба қадри кофӣ хӯроки мурғ тавлид мешавад.

Саидҷаъфар Усмонзода аз раиси Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон пурсид: Дар ҳоле ки воридкунандагони маводи ғизоӣ аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ бо мусаввабаи порлумон озод шудаанд, чаро муҷаввизи воридоти тухми мурғ содир намешавад, ки қимати он коҳиш ёбад?

Агар тобистони гузашта қимати даҳ адад тухми мурғ дар бозорҳои Тоҷикистони 9 сомонӣ буд, ин рақам акнун ба 10 сомониву 30 дирам расидааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп