Декабр 07, 2020 13:07 Asia/Dushanbe
  • Кумитаи умури дини Тоҷикистон дар бораи қонуни танзими ҷашну маросим назарпурсӣ мекунад
    Кумитаи умури дини Тоҷикистон дар бораи қонуни танзими ҷашну маросим назарпурсӣ мекунад

Кумитаи давлатии умури дин ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон як назарпурсӣ аз мардуми ин кишварро дар бораи қонуни танзими ҷашну маросим оғоз кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи комитеи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон  Афшини Муқимӣ сухангӯи ин комитет ҳадаф аз ин назарсанҷиро огоҳӣ ёфтан аз дидгоҳи мардуми кишвар дар бора қонуни танзими ҷашну маросим эълом кард.
 
Вай гуфт: «Қарор аст 10 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон ба 10 пурсиш дар бораи ин қонун, ризоят ё мухолифат бо он, бархӯрди кормандони ниҳодҳои назоратӣ бо мутахаллифони ин санади ҳуқуқӣ ва нақсҳо ва камбӯдҳои он посух диҳанд. Барои мо муҳим аст, ки бидонем мардум дар бораи ин қонун ,ки 13 сол аст дар Тоҷикистон иҷро мешавад чӣ назаре доранд.»

Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз исроф дар баргузории ҷашну маросим дар соли 2007 қонуни вижаеро иҷро кард, ки бар асоси он дар маросими арӯсӣ ва тарҳими танҳо 140 то 200 нафар бидуни додани ғизо даъват мешаванд ва муддати он низ набояд аз 3 соъти бештар бошад.
 
 Маблағи ҷарима барои мутахаллифони ин қонун то 8 ҳазор сомонӣ муқарар шудааст.
 
 Дар соли 2019 бар асоси ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистони 686 нафар ба иттиҳоми нақзи ин қонун маҳкум ба пардохти беш аз 3 миллиону 335 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ шудаанд.
 
 
Бештар бихонед:

 

Барчасп