Шиносоии 41 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 07 Dec 2020 17:12:36 GMT )
Декабр 07, 2020 22:12 Asia/Dushanbe
  • Шумори ҷонбохтагон дар Тоҷикистон дар 7 декабри 2020 ҳамон 87 нафар аст
    Шумори ҷонбохтагон дар Тоҷикистон дар 7 декабри 2020 ҳамон 87 нафар аст

Бо шиносоии 41 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон, теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 469 нафар расид.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагони корона дар ин кишвар низ то соати 19 рӯзи душанбеи 7 декабри 2020 бидуни афзоиш ҳамон 87 нафари қаблӣ аст.

  •  Аз 12 ҳазору 469 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 11 ҳазору 881 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 48 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед: