Эъломи замони оғози ҳаҷҷи умра барои тоҷикҳо
Сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистон барои ба ҷо овардани маносики ҳаҷҷи умра ба далели густариши вируси корона, ки қарор буд аз моҳи ноябр аз сар гирифта шавад, аз охирҳои моҳи январи соли 2021 оғоз мегардад.
Ба гузориши сомонаи «Спутник», масъули яке аз ширкатҳои хадамоти ҳаҷ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ба далели густариши вируси корона Арабистони Саудӣ сафари шаҳрвандони Тоҷикистон барои ба ҷо овардани маносики ҳаҷҷи умра аз моҳи ноябр ба охири январи соли 2021 ба таъхир афтод.
Абдулмаҷид Зокиров, масъули ширкати мавсум ба «Расул сохтмон» далели ин таъхирро ин тавр баён кард: Қарор буд маносики ҳаҷҷи умра барои тоҷикон аз моҳи ноябр оғоз гардад. Аммо ба далели густариши бемории Ковид - 19 дар Арабистон акнун мақомоти ин кишвар хостаанд, ки фиристодани довталабон аз охири моҳи январи соли 2021 шурқъ шавад".
- Ба гуфтаи Зокиров, масъулони саудӣ шарт гузоштаанд, ки синни афроде ки барои ба ҷо овардани маносики ҳаҷҷи умра аз Тоҷикистон ба Арабистон эъзом мешаванд, набояд аз 50 сол боло бошад.
Бо ин ҳол Зокиров дар бораи ҳазинаи анҷоми маносики ҳаҷҷи умра барои тоҷикон ибрози назар накард. Аммо солҳои қабл ин маблағ 20 ҳазору 500 сомонӣ (муодили 2 ҳазору 500 доллар) буд.
Бештар бихонед:
- Азсаргирии сафари ҳаҷҷи умра барои тоҷикон ба зудӣ
- Маросими умра дар Арабистон азсар гирифта шуд + филм