Бонки Рушди Осиё: Тоҷикистон аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷираш дифоъ кунад
(last modified Fri, 11 Dec 2020 17:27:33 GMT )
Декабр 11, 2020 22:27 Asia/Dushanbe
  • 98 дарсад аз ҷавонони Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд, ки дар Русия кору зиндагӣ кунанд
    98 дарсад аз ҷавонони Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд, ки дар Русия кору зиндагӣ кунанд

Бонки Рушди Осиё аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост кард, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия иқдом кунад.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, дар гузориши тозаи Бонки Рушди Осиё таъкид шудааст, ки дар соли 2019 коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон 2 миллиарду700 миллион доллар даромади молӣ ирсол кардаанд, ки баробар бо 33,4 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон аст.

Аммо дар Русия мавориди нақзи ҳуқуқи коргарони муҳоҷир, бамавқеъ пардохт нашудани дастмуздҳои онон ва нобаробарӣ дар ҳуқуқи ин афрод бо коргарони бумӣ мушоҳида мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки 85 дарсад аз коргарони ҷавони муҳоҷири тоҷик аз манотиқи рустоии Тоҷикистон ҳастанд ва синни миёнаи онон байни 15 то 44 сол аст.

Аз дидгоҳи Бонки Рушди Осиё далели аслии сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия донистани забони русӣ, набуди муқаррароти раводид ва зиндагии муштараки наслҳои қаблӣ дар фазои Шӯравии собиқ аст.

Аз ин рӯ, 98 дарсад аз нерӯи кори ҷавони Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд, ки дар Русия кору зиндагӣ кунанд.

Аз ин рӯ, ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия шудааст, ки барои таъмини амнияти ҷисмонӣ ва шуғлии коргарони муҳоҷири тоҷик, дифоъ аз ҳуқуқи иҷтимоии онон ва ҷилавгирӣ аз сӯиистифодаи корфармоён ва полиси Русия аз ин афрод, бо ҳукумати Русия вориди музокира шавад.

 

Бештар бихонед: