Афзоиши 250 миллиондолларии содироти Тоҷикистон тайи 11 моҳи соли ҷорӣ
(last modified Wed, 16 Dec 2020 08:05:27 GMT )
Декабр 16, 2020 13:05 Asia/Dushanbe
  • Табодулоти тиҷории Тоҷикистон бо 108 кишвари ҷаҳон
    Табодулоти тиҷории Тоҷикистон бо 108 кишвари ҷаҳон

Агентии давлатии омори Тоҷикистон аз афзоиши 250 миллиондолларии содироти маҳсулоти ин кишвар ба хориҷ тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз сомонаи ожонси давлатии омори тоҷикистон, тайи ин муддат аз Тоҷикистон ба хориҷ ба маблағи 1 миллиарду 300 миллион доллар маҳсулот содир шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, афзоиши 250 миллион доллариро нишон медиҳад.

Дар сохтори маҳсулоти содиротии Тоҷикистон сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, металлҳои ранга ва минералҳо 52 ва даҳяки фоизро ташкил медиҳанд.

Аммо дар ин муддат арзиши воридоти Тоҷикистони 2 миллиарду 800 миллион доллар эълом шуда, ки дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл бо коҳиши 190 миллион долларӣ рӯба рӯ шудааст. Аз ин рӯ тавозуни табодулоти тиҷории Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 500 миллион доллар ба нафъи воридот мебошад. 

Дар ин муддат, Тоҷикистон бо 108 кишвари ҷаҳони табодулоти тиҷорӣ доштааст.

Русия бо 883 миллион доллар, Қазоқистони 796 миллион доллар, Швейсария 695 миллион доллар, Чин 438 миллион доллар, Ӯзбакистон 300 миллион доллар ва Туркия 292 миллион доллар аз шарикони муҳими тиҷории Тоҷикистон будаанд.

 

Бештар бихонед: