Даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои таҳияи феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ дар ИДМ
(last modified Sat, 19 Dec 2020 10:17:28 GMT )
Декабр 19, 2020 15:17 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ИДМ барои таҳияи феҳристи созмонҳои террористӣ даъват кард
    Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ИДМ барои таҳияи феҳристи созмонҳои террористӣ даъват кард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти видеоии сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хостори таҳияи феҳристии ягона аз созмонҳои террористӣ ва ифротӣ дар чорчӯби ин иттиҳод шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори эҷоди феҳристи ягонаи созмонҳое шуд, ки дар чорчӯби ИДМ ба унвони террорист ва ифротӣ шинохта шудаанд.

Раҳмон дар ин нишасти маҷозӣ, ки ба раёсати раисиҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, пешниҳод кард, ин феҳристро маркази зиддитеррористии ИДМ таҳия кунад.

Вай дар идома тавваҷуҳи ҳамтоёни худро ба вазъияти нигаронкунандаи марзҳои ИДМ бо Афғонистон ҷалб кард, ки маҳали таҷаммуъи ҷангҷӯёни ДИИШ аст ва бархе аз онон низ шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ҳастанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба ин ки имрӯз нерӯҳои Толибон тақрибан дар 45 дарсади хоки Афғонистон ҳузур доранд., гуфт: «Тоҷикистон ҳамчунон дар масири қочоқи маводи мухаддир ба кишварҳои ИДМ, як минтақаи ҳоил аст.»

 

БЕШТАР БИХОНЕД: