Шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон ба марзи 13 ҳазор нафар расид
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i60096-Шумори_беморони_коронаӣ_дар_Тоҷикистон_ба_марзи_13_ҳазор_нафар_расид
Бо шиносоии 38 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон, шумори ин беморон ба 12 ҳазору 998 нафар расид.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 21, 2020 22:29 Asia/Dushanbe
  • Дар шабонарӯзи гузашта 42 бемори коронаӣ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд
    Дар шабонарӯзи гузашта 42 бемори коронаӣ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд

Бо шиносоии 38 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон, шумори ин беморон ба 12 ҳазору 998 нафар расид.

Ба гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагони Ковид - 19 дар ин кишвар то соати 19 шомгоҳи рӯзи душанбеи 21 декабри 2020 бидуни афзоиш ҳамон 89 нафари қабл аст.

Аз 12 ҳазору 998 бемори гирифтори Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун 12 ҳазору 455 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 42 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед: