Обшавии пиряхҳо, тавлиди барқро дар Тоҷикистон коҳиш додааст
Донишмандони зистшинос иллати коҳиши тавлиди барқ дар Тоҷикистонро об шудани пиряхҳо ва коҳиши захираҳои оби рудхонаҳои ин кишвар эълом мекунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ, маҳдудияти ахири ахири барқ дар Тоҷикистон ва бекор кардани он ва дархости мукаррари мақомоти ин кишвар аз мардум барои сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ нишон аз мушкилоте дорад, ки решаи он коҳиши шадиди захоири оби рудхонаҳои кӯҳистонӣ ва об шудани пиряхҳо аст.
Аз сӯи дигар танҳо дар зимистони соли 2020 мизони боришҳо дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 2019 наздик ба 44 дарсад коҳиш ёфтааст.
Аз ин рӯ бар асоси бароварди донишмандони муҳити зист, дар даҳаҳои ахир як сеюм аз масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон бар асари гарм шудани ҳаво ва интишори газҳои гулхонаӣ об шудааст ва хатари коҳиши 30 дарсадии ин манобеи табиӣ дар ояндаи наздик вуҷуди дорад.
Донишмандон таъкид мекунанд, ки ба иллати гарм шудани ҳаво ва тағйири шароити иқлимӣ аз 14 ҳазор пиряхи бузургу кӯчаки табиӣ дар кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистони як пирях ба таври комил аз байн рафта ва хатари об шудани соири пиряхҳо низ афзоиш ёфтааст.
Донишмандон захоири солонаи обҳои Тоҷикистонро 64 миллиард метри мукааб арзёбӣ мекунанд, ки баробар бо 60 дарсад аз ҳаҷми оби рудхонаҳои Осиёи марказӣ аст.
Аз сӯи дигар Тоҷикистон дорои зарфияти тавлиди 527 миллиард киловатт соат барқ аст, ки ҳам инак танҳо 5 дарсад аз ин тавонмандӣ истифода мешаваду дар фасли сармо мардуми ин кишвар бо бӯҳрони шадиди камбуди барқ рӯ ба рӯ мешаванд.
Бештар бихонед: