Афзоиши бесобиқаи содироти Тоҷикистон ба хориҷ дар шароити коронаӣ
Раиси ожонси давлатии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Шавкат Бобозода гуфтааст, ки дар 11 моҳи имсол нахустин бор дар таърихи даврони истиқлоли Тоҷикистон мизони содироти маҳсулоти ин кишвар ба як миллиарду 322 миллиону 500 ҳазор доллар расид, ки рекорд ба ҳисоб меояд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Шавкат Бобозода гуфтааст, ки дар 11 моҳи имсол нахустин бор дар торихи даврони истиқлоли Тоҷикистон мизони содироти маҳсулоти ин кишвар ба 1 миллиарду 322 миллиону 500 ҳазор доллар расид, ки рекорд ба ҳисоб меояд.
Дар соли 2016 Тоҷикистон ба хориҷ ба маблағи 1 миллиарду 196 миллион доллар маҳсулот содир кард, ки то пеш аз ин болотарин рақами содироти кишвар буд.
Бобозода таъкид кард: «Умедворем то поёни соли 2020 мизони содироти кишвар ба 1 миллиарду 500 миллион доллар бирасад, ки дар шароити коронаӣ дастоварди муҳимме мебошад. дар сохтори маҳсулоти содиротии Тоҷикистон 58 дарсадро сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо ( гавҳарсангҳо), металлҳои рангӣ ва маводи маъданӣ ба худ ихтисос додааст.»
Дар ин муддат ба Шветсария 688 миллион доллар, Туркия 148 миллион доллар, Қазоқистон 107 миллион доллар ва Ӯзбакистон 60 миллион доллар маҳсулоти Тоҷикистон содир шудааст.
Аммо дар ин муддат арзиши воридоти Тоҷикистони 2 миллиарду 806 миллион доллар эълом шуда, ки бо содироти 1 миллиарду 322 миллиону 500 ҳазор долларии тавозуни табодулоти тиҷорӣ ба маблағи 1 миллиарду 500 миллион доллар ба нафъи воридот мебошад.
Бештар бихонед: