Гази Ӯзбакистон пас аз 10 сол ба Суғд расид
(last modified Wed, 23 Dec 2020 15:43:55 GMT )
Декабр 23, 2020 20:43 Asia/Dushanbe
  • Қимати ҳар ҳазор метри мукааб гази содиротии Ӯзбакистон 2 сомонӣ аст
    Қимати ҳар ҳазор метри мукааб гази содиротии Ӯзбакистон 2 сомонӣ аст

Гази Ӯзбакистон пас аз 10 сол дубора чархи корхонаҳои шимоли Тоҷикистонро равшан ва хонаҳои мардуми вилояти Суғдро гарм мекунад.

Ба гузориши Спутник, мудири ширкати гази вилояти Суғд эълом кард, ки дар марҳилаи нахуст марказҳои саноатӣ ва сипас бахши хонагӣ метавонанд пас аз 10 сол дубора аз гази содиротии Ӯзбакистон истифода кунанд.

Ба гуфтаи Абдулҳаким Сӯфиев, қимати ҳар ҳазор метри мукааб гази содиротии Ӯзбакистон 2 сомонӣ аст, ки барои корхонаҳову бахши хонагии ин минтақа муносиб ва дар муқоиса бо қимати ангиштсангу барқ 40 то 60 дарсад арзонтар аст.

Ба гуфтаи мудири ширкати гази вилояти Суғд, ҳамчунин интиқоли газ ба хонаҳои сокинони шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ояндаи наздик имконпазир хоҳад шуд.

Сӯфиев афзуд: Дар ин вилоят 800 километр хати лӯлаи интиқоли газ вуҷуд дорад, ки 400 километри он дар шаҳри Хуҷанд воқеъ шудааст.

Бо ин ҳол мақомоти ширкати гази Тоҷикистон (Тоҷиктрансгаз) гуфтаанд, ки ба далели вақфаи 10 сола ва фарсудагии хутути интиқоли газ дар пойтахт, имкони интиқоли газ ба хонаҳои сокинони шаҳри Душанбе вуҷуд надорад.

 

Бештар бихонед: