Тахфифи 50 дарсадии Русия барои воридоти меваву сабзиҷот аз Тоҷикистон
(last modified Wed, 23 Dec 2020 17:29:04 GMT )
Декабр 23, 2020 22:29 Asia/Dushanbe
  • Русия ду соли пеш низ барои содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тахфиф қоил шуда буд
    Русия ду соли пеш низ барои содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тахфиф қоил шуда буд

Ширкати давлатии Роҳи оҳани Русия эълом кард, ки аз аввали январи соли ҷадиди 2021 барои интиқоли меваву сабзиҷоти Тоҷикистон 50 дарсад тахфиф медиҳад.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, бар ин асос содиркунандагони меваву сабзиҷоти Тоҷикистон метавонанд аз ин тахфиф барои интиқоли маҳсулоти кишоварзии худ ба Русия истифода кунанд.

Ҳукумати Русия дар соли 2018 низ барои содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон чунин тахфифе қоил шуда буд.

Бар асоси гузориши Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар 10 моҳи нахусти имсол аз ин кишвар ба Русия 120 ҳазор тон анвои маҳсулоти кишоварзӣ ба арзиши 17 миллион доллар содир шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 5 миллиону 500 ҳазор доллар бештар аст.

Бештари маҳсулоти содиротии кишоварзии Тоҷикистон ба Русия ангур, пиёз ва меваи хушк аст.

 

Бештар бихонед: