Баррасии содироти маҳсулоти табиъӣ ва органикии Тоҷикистон ба Олмон
Мақомоти тоҷик ва олмонӣ дар шаҳри Душанбе содироти маҳсулоти органик ба Олмонро баррасӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс Ҳакимзода Қурбон вазири кишоварзии Тоҷикистон бо Йорк Шуграф сафири Олмон дар ин кишвар дидор ва дар хусуси содироти маҳсулот органик гуфтугу кард.
Тайи ин дидор ҳамчунин дар мавриди рушди ҳамкориҳои муфид ва иҷрои тарҳҳои аз ҷумлаи пиишгрӣ аз тағироти иқлимӣ ва созгор дар ҳавзаи зироат, ҷилавгирӣ аз обшавии пиряхҳои табиъӣ беҳтар намудани вазъияти чарогоҳҳои истифода аз беҳтарини шеваҳои диҷиталисозии ин ҳавза, воридоти фанновариҳои ҷадид ва дигар масоили муртабитро баррасӣ карданд.
Дар соли 2022 тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва Олмони 114 милион долларро ташкил дода буд ки нисбат ба соли 2021 мелодӣ 6.6 милион доллар 6.1 дарсад афзоиш доштааст.
Олмон 1.6 дарсад аз ҳаҷми кулли тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ба худ ихтисос додааст ва аз ин манзар дар рутбаи ёздаҳум қарор гирифтааст.
Дар ин муддати 0.8 милион доллар коло ва маҳсул ба Олмони содир шуд ки 87.5 дарсади нахи пахта, 10 дарсади онро тухмау донаҳои равғанӣ, 5 дарсад мива хушкбор ва дигар колоҳо ташкил додаанд.