Оғози сохти 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон аз тобистони оянда
(last modified Sun, 27 Dec 2020 10:08:59 GMT )
Декабр 27, 2020 15:08 Asia/Dushanbe
  • Барномаи дарс дар ин мактабҳо бар асоси стандартҳои русӣ хоҳад буд
    Барномаи дарс дар ин мактабҳо бар асоси стандартҳои русӣ хоҳад буд

Дабири аввали сафорати Русия дар Душанбе эълом кард, ки сохти 5 мактаб ба забони русӣ дар Тоҷикистон ҳар як ба зарфияти ҳазору 200 донишомӯз, тобистони соли 2021 оғоз мешавад.

Ба гузориши Спутник, Игор Бурулко бо ишора ба ихтисоси 30 миллиондоллар барои сохт ва таҷҳизи 5 мактаби русӣ забон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки маконҳои сохти ин 5 мактабҳо мушаххас ва ширкатҳои муҷрии ин тарҳҳо низ интихоб хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи вай барномаи таълим дар ин мадорис бар асоси стандартҳои русӣ хоҳад буд ва китобу васоили омӯзишӣ низ аз Маскав ирсол хоҳад шуд.

Маҷлиси Думаи давлатии Русия тафоҳумномаи сохти 5 мактаби русӣ забон дар Тоҷикистонро соли 2019 тасвиб кард ва 30 миллиондоллар барои иҷрои ин тарҳ ихтисос дод, ки 3 миллиондоллари он то поёни соли 2020 ихтисос меёбад.

Ҳазинаи сохт ва таҷҳизи ин мадорисро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода Сандӯқи молии рушд ва суботи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таъмин мекунад.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дар соли 2019 тафоҳумномаи сохт 5 мактаби русиро дар ин кишвар тасвиба кард.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: