Боздошти як корманди шаҳрдории Душанбе ба иттиҳоми ришвахорӣ
Маъмурони Агентии давлатии мубориза бо фасод дар Тоҷикистони як корманди шаҳрдории Душанберо ба иттиҳоми дарёфти 250 ҳазор сомонӣ ришва боздошт кардаанд.
Ба гузориши «Спутник», мақомоти ин ожонс эълом кардаанд, ки Беҳрӯз Мухторов, корманди идораи сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии шаҳрдории Душанбе аз ду нафар аз сокинони пойтахти Тоҷикистон барои кумак ба таҳияи асноди хонаҳои онон 250 ҳазор сомонӣ ришва дарёфт кардааст.
Вай ба ин афрод дар таҳияи асноди ҳуқуқӣ кумак кардааст то хонаҳои давлатиро, ки ба унвони амволи хусусӣ ба музояда гузошта мешавад, харидорӣ кунанд.
Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон таҳқиқоти бештареро дар ин замина идома медиҳад.
Дар сурати собит шудани ин иттиҳомот вай метавонад ба 12 соли зиндон маҳкум шавад.
Ин нахустин маврид аз боздошти як корманди шаҳрдории Душанбе дар 3 соли ахир, пас аз таъийн шудани Рустами Имомалӣ ба раёсати пойтахти кишвар аст.
Бештар бихонед: