Декабр 29, 2020 21:25 Asia/Dushanbe
  • Икром Субҳонзода умедвор аст парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия ба зудӣ аз сар гирифта шавад
    Икром Субҳонзода умедвор аст парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия ба зудӣ аз сар гирифта шавад

Раиси Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки парвози муназзами ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ду кишвари Тоҷикистон ва Русия ояндаи наздик барқарор хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Икром Субҳонзода гуфтааст, ки музокирот бо Русия дар ин замина ҳамчунон идома дорад ва интизор меравад, ки дар ояндаи наздик парвози муназзами ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ду кишвар азсар гирифта шавад.

Субҳонзода таъкид кард: “Дар ҳоли ҳозир ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳамарӯза 4 то 5 парвози чартерӣ миёни Русия ва Тоҷикистон анҷом медиҳад. Ҳамчунин ширкатҳои русии “ЮтЭйр”, “Уралские Авиалинии”, “Сибир” ва “Амвоҷи Шимол” муҷаввизи анҷоми парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистонро доранд.

Икром Субҳонзода гуфт: Ҳамчунин бо Ӯзбакистон ва Чин низ гуфтугӯҳо барои азсаргирии парвозҳои муназзами ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ идома дорад”.

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия аз моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи густариши вируси корона мутаваққиф шуд ва танҳо парвозҳои чартерӣ миёни ин ду кишвар анҷом мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп