Рақами бозпардохти солонаи қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз ҳазинаи бахши тандурустӣ
(last modified Sat, 02 Jan 2021 17:58:55 GMT )
Январ 02, 2021 22:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳиссаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар қарзи хориҷии кишвар 335 долларро ташкил медиҳад
    Ҳиссаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар қарзи хориҷии кишвар 335 долларро ташкил медиҳад

Ҳукумати Тоҷикистон барои бозпардохти қарзи хориҷии хеш тайи 3 сол ҳудуди 795 миллион доллар ҳазина хоҳад кард, ки беш аз маблағи таъиншуда барои бахши тандурустии кишвар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, ба ин манзур дар соли 2021 маблағи 213 миллиону 500 ҳазор доллар, дар соли 2022 маблағи 238 миллиону 200 ҳазор доллар ва дар соли 2023 маблағи 243 миллиону 300 ҳазор доллар ҳазина хоҳад шуд, ки аз манобеи молии ихтисос ёфтаи солона барои бахши тандурустии Тоҷикистон бештар аст.

Бар асоси тозатарин гузориши вазорати молияи Тоҷикистон қарзи хориҷии кишвар дар 10 моҳи соли 2020 ба 3 миллиарду 163 миллиону 200 ҳазор доллар расидааст, ки бар ҳар як аз ҷамъияти 9 миллиону 400 ҳазор нафарии Тоҷикистон 335 доллари рост меояд.

Ин мизон қарзи хориҷӣ баробар бо 43, 3 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон аст. 

Дар ҳоли ҳозир қарзи Тоҷикистон ба банки содироту воридоти  Чин як миллиарду 133 миллион доллар, ба банки ҷаҳонии 338 миллион доллар, ба Бонки рушди Осиё 287 миллион доллар ва ба Банки тавсеаи исломӣ 132 миллион доллар эълом шудааст.

 

Бештар бихонед: