Панҷгоникҳои тоҷик барои падару модарашон баракат ба ҳамроҳ оварданд
(last modified Mon, 04 Jan 2021 17:16:16 GMT )
Январ 04, 2021 22:16 Asia/Dushanbe
  • Аз ҳисоби манобеи давлатӣ барои хонаводаи навзодони панҷгоник хонаи нав сохта мешавад
    Аз ҳисоби манобеи давлатӣ барои хонаводаи навзодони панҷгоник хонаи нав сохта мешавад

Муовини раиси вилояти Хатлон эълом кард, ки аз ҳисоби манобеи молии давлатӣ барои хонаводаи навзодони панҷгоник дар ноҳияи Қубодиён хонаи нав месозанд.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс,  Фирӯза Шарифӣ, ки барои аёдат аз модари ин навзодон ба зоишгоҳи пажӯҳишии модару кӯдак дар шаҳри Душанбе рафта буд, бо эҳдои кумаки молӣ гуфтааст, ки барои ин хонавода дар ноҳияи Қубодиён хонаи наве бо имконоти лозим сохта хоҳад шуд.

Вай эълом кард, ба ин манзур 160 метри мураббаъ замин ихтисос дода шудаву дар муддати кӯтоҳе барои Мурод Муҳаммадов ва Дилноза Муҳаммадова ва фарзандони панҷгоникашон хонае бино хоҳад шуд.

Модари ин кӯдакон нахустин бонӯи тоҷикистонӣ аст, ки соҳиби панҷгоник шудааст.

Мурод Муҳаммадов ва ҳамсараш бар нахустин панҷгоникҳои таърихи Тоҷикистон номҳои мубораки Ҳасан, Ҳусейн, Хадиҷа, Фотима ва Заҳро ниҳодаанд.

Модари фарзандони панҷгоник дар зоишгоҳи пажӯҳишии модару кӯдак дар шаҳри Душанбе таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад ва ҳоли ӯ ва навзодонаш хуб аст.

 

Бештар бихонед: