Октябр 16, 2016 11:25 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси марокизи омӯзишӣ ва идғоми коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия

Русия ва Тоҷикистон дар бораи таъсиси марокизи омӯзишӣ ва идғоми коргарони муҳоҷири тоҷик дар қаламрави Русия, ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши сойти Интерфакс, дар пайи баргузории ҳамоиши муштараки ҳамкориҳои порлумонии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ду тараф дар мавриди тадвини санади ҳуқуқии таъсиси марокизи омӯзишӣ ва идғоми коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба тавофуқ расиданд.

Бар асоси ин гузориш, қабл аз тадвини ин созшнома, мавзӯи роҳҳои идғоми коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ҷомеаи Русия аз нигоҳи ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Яке аз нукоти муҳимми ин тавофуқ, иқдоми порлумонҳои Русия ва Тоҷикистон дар заминаи фароҳам кардани шароити ҳуқуқии эъзоми барномарезӣ шудаи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ барои кор ба Русия ба ҳисоб меояд .

Русия низ мутааҳҳид шудааст, ки барои омӯзиши забони русӣ, қавонини ҳуқуқӣ ва торихии ин кишвар, муқаррароти дарёфти муҷаввизи кору иқомати ин афрод дар манотиқи ин кишвар, барои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ барномарезӣ хоҳад кард.

Хадамоти муҳоҷирати Русия, теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин кишварро дар авоили моҳи октябри соли ҷорӣ 878 ҳазору 536 нафар эълом кардааст.

Аз сӯи дигар, бар асоси гузориши Бонки марказии Русия ин афрод, тайи  шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба кишварашони 598 миллион доллар ирсол кардаанд, ки ин шохис дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, 14 дарсад камтар мебошад.