Январ 09, 2021 15:19 Asia/Dushanbe
  • Cе шаҳрванди тоҷик пас аз гузар аз марзи Беларус боздошт шудаанд
    Cе шаҳрванди тоҷик пас аз гузар аз марзи Беларус боздошт шудаанд

Падару ду писаре, ки гуфта мешавад шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд , бо гузари ғайримуҷоз аз марзи Беларусу Латвия , аз ин кишвари аврупоии каронаи баҳри Балтика дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , марзбонони Латвия ин се тоҷикро пас аз убури онон аз марзи Беларус дар минтақаи ҷангалӣ боздошт кардаанд.

 Баррасиҳои аввалия нишон медиҳад, ки ин се нафар узви як хонавода ҳастанд ва гузарномаҳои тобеъияти Тоҷикистонро ба ҳамроҳ доранд, вале ангезаи онон аз дархости паноҳандагӣ маълум нест.

Мақомоти хадамоти муҳоҷирати Латвия гуфтаанд, ки ин се тоҷикро ба маркази вижаи паноҳҷуён мунтақил карда ва мунтазири баррасии дархости онон ҳастанд, то дар мавриди ояндаи ин се нафар тасмимгирӣ шавад.

 Бештар бихонед:

 

Барчасп