Дар Тоҷикистон ҳамчунон аз корона хабаре нест
Дар шабонарӯзи ахир низ ҳеҷ бемори ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикстон шиносоӣ нашуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард то соати 19 рӯзи шанбе 9 январ шумори мубталоён ба Ковиди 19 дар кишвар бидуни афзоиш ҳамон 13 ҳазору 305 нафар ва шумори ҷонбохтагони ин беморӣ низ бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл аст.
Аз 13 ҳазору 305 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон токунун 13 ҳазору 215 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Рӯзҳоӣ 3 ва 4 январ низ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом карда буд ҳеч мавриди ҷадиде аз Ковиди 19 дар кишвар сабт нашудааст.
Дар ин миён танҳо рӯзи 5 январ 5 бемори ҷадиди мубтало ба Ковиди 19 шиносоӣ шуданд, аммо тайи рӯзҳои 6 то 9 январ низ эълом шуд ҳеч бемори ҷадид шиносоӣ нашуда ва бемористонҳо аз беморони Ковиди 19 холӣ шудаанд.
Ба гуфтаи мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 24 нафар бо нишонаҳои корона дар хонаҳо таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд.
Бештар бихонед: