Ифтитоҳи давраҳои пешдонишгоҳии пизишкӣ дар Бадахшон
Январ 10, 2021 13:23 Asia/Dushanbe
Як мақоми вилояти Бадахшон аз баргузории давраҳои пешидонишгоҳӣ дар ин вилоят барои довталабони вурӯд ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Назира Амирбекзода, муовини раиси вилояти Бадахшон гуфтааст, ки ин давраҳо бо ҳадафи кумак ба довталабони вурӯд ба Донишгоҳи давлатии тиббии Абуалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе дар омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ баргузор хоҳад шуд.
Муддатзамони омӯзиш дар ин давраҳо 8 моҳ таъин шудааст ва донишомӯхтагон метавонанд дар озмӯни вурӯдии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ширкат кунанд.
Ширкат дар ин давраҳои омӯзишӣ пулӣ аст, аммо ба довталабони узви хонаводаҳои ниёзманд осониҳое дода хоҳад шуд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Барчасп